30 Апрел 2026 - 13:19
Source: ABNA
Русия: Мо аз чуқуртарин буҳрони саноати нафти ҷаҳон шаҳидӣ мекунем

Дар шароите ки таҷовузи Амрико ва режими сионистӣ ба Эрон боиси буҳрон дар занҷираи таъмини энергияи ҷаҳонӣ гардидааст, як мақоми русӣ онро чуқуртарин буҳрони саноати нафти ҷаҳон номид.

Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақли Рия Новости, Александр Новак, муовини нахуствазири Русия эълон кард: Русия ҳамчун истеҳсолкунандаи бузурги нафятаркиш, қасди баромадан аз ОПЕК+ надорад.

Ӯ илова кард: Дар ҳоли ҳозир мо аз чуқуртарин буҳрон дар саноати нафти ҷаҳон шаҳидӣ мекунем ва ҳаҷми бузурги нафт ба бозор пешниҳод намешавад.

Таҷовузи Амрико ва режими сионистӣ ба Эрон боиси ихтилол дар гузариши киштиҳо аз танги Ҳормуз шуд. Ихтилол дар оброҳи стратегии танги Ҳормуз боиси ихтилол дар занҷираи таъмини сӯзишворӣ ва энергия ва ҳатто бисёр молҳои дигар ба монанди маҳсулоти петиохимиявӣ ва маводи кимиёвӣ дар ҷаҳон гардид.

Эрон эълон кардааст, ки омода аст, дар сурати расидан ба оташбаси устувор ва поёни ҷанг, амнияти киштӣравӣ дар танги Ҳормузро бо риояи протоколҳо ва мулоҳизаҳои амниятии зарурӣ кафолат диҳад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha